Президентҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон ва Озарбойҷон бо Намоишгоҳи молистеҳсолкунандагони давлатҳои Осиёи Марказӣ шинос шуданд

 14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озорбойҷон — Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷой Илҳом Алиев дар шаҳри Душанбе ба Намоишгоҳи молистеҳсолкунандагони давлатҳои Осиёи Марказӣ ташриф оварданд.

Намоишгоҳи мазкур дар доираи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор гардида, ҳадаф аз он муаррифии маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолӣ ва тақвият бахшидани ҳамкории тиҷоратӣ байни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Дар толори маҳсулоти саноатии Тоҷикистон, ки 2310 метри мураббаъро ташкил медиҳад, беш аз 150 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ иштирок намуда, номгӯи зиёди маҳсулоти ватаниро муаррифӣ намуданд.

Аз ҷумла дар ин толор намояндагони ширкатҳои нассоҷӣ, саноати сабук, саноати мошинсозӣ, саноати куҳӣ, канданиҳои фоиданок, энергетика, технологияи иттилоотӣ (IT), кишоварзӣ ва ғайра маҳсулоти хешро муаррифӣ намуданд.

Металҳои ранга, ашёи хоми алюминӣ, алюминӣ ва маҳсулоти аз он тайёршаванда, таҷҳизоти ҳарбӣ-мудофиавӣ, технологияҳои инноватсионӣ, таҷҳизоти барқӣ, масолеҳи сохтмонӣ, хоса қубурҳои шишапластикӣ, кошину қандил, сангҳои ороишӣ, профил, фаршу сақфҳои гуногун, дару тиреза, рангҳои сохтмонӣ, инчунин маводи доруворӣ аз ҷумлаи маҳсулоте мебошанд, ки дар намоишгоҳ ба маъраз гузошта шуда, ҳар кадом дорои сифати баланду дар бозори байналмилалӣ рақобатпазир аст.

Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои маъданӣ яке аз калонтарин дар Осиёи Миёна мебошад. Дар ҷумҳурӣ конҳои сурб, руҳ, сурма ва ғайра, инчунин металлҳои камёфт кашф шудаанд. Дар маҷмуъ, куҳсори Тоҷикистон дорои қариб тамоми унсурҳои ҷадвали Менделеев мебошад. Бо назардошти мавҷуд будани чунин захираҳои бойи табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд бахшидани иқтисодиëти сабз имконпазир мебошад.

93 фоизи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро куҳҳо ташкил медиҳанд ва ин мамлакати дорои захираҳои калони ашёи хом барои истехсоли масолеҳи бинокорӣ дар ҷаҳон ҷои якумро ишғол менамояд. Дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиёда аз 400 кон ва зуҳурот кашф шудааст, ки 30 навъи ашёи хомро барои азхуднамоии масолеҳи саноатии сохтмонӣ, аз қабили габбро, гранит, гранодиорит, диорит, мармар, оҳаксанги мармарӣ, санги гаҷӣ, намнок ва реги квартси доро мебошад. Дар гӯшаи алоҳида беш аз даҳ намуд масолеҳи сохтмонии аз санги табиӣ истеҳсолшударо ба маъраз гузоштанд.

Сарони давлатҳо ба захираҳои табиии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дарёфти роҳҳои нави истихроҷ ва истифодаи самараноку оқилонаи онҳоро муҳим шумориданд.

Таъкид гардид, ки ҳамкории тиҷоратӣ байни молистеҳсолкунандагони давлатҳои Осиёи Марказӣ бояд боз ҳам бештар тақвият дода шавад.

Дар гӯшаи маҳсулоти саноати сабук ва пилла матоъҳои абрешимӣ, атласу адрас ва чакан, қолинҳои дастӣ, кандакорӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуд.

Дар ҳамин ҷо дар бораи тиҷорат тавассути Роҳи абрешим, ки дар гузашта анҷом дода мешуд ва доир ба фаъолияти ҳунармандони тоҷик дар давраҳои гуногун маълумоти муфассал доданд.

Гуфта шуд, ки тайи солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳунарҳои қадимаи мардумӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ин аст, ки дар як давраи кутоҳ қариб ҳамаи намуди ҳунарҳои мардумӣ эҳё шуд, рушд ёфт ва имрӯз дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҳунари нодир муаррифӣ мешавад.

Дар гӯшаи алоҳида захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон муаррифӣ шуд.

Сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон ва Озарбойҷон ба таври маҷозӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос гардиданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, ҳоло дар ин корзори нангу номуси ватандорӣ техникаву таҷҳизоти зиёди зарурӣ сафарбар гардида, мутахассисони дорои таҷрибаи баланд якҷо бо сохтмончиёну дигар коргарони муҳандисию техникӣ ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд.

Ба сифати корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад ва кӯшиш бар он равона мегардад, ки корҳо аз рӯи нақшаи тасдиқшуда ва ҷавобгӯ ба стандарт иҷро шаванд.

Дар ҳамин толор электробуси тамғаи «Акия Ултро», ки истеҳсоли ширкати «Акиа Авесто»-и Тоҷикистон мебошад, муаррифӣ шуд.

Ëдовар мешавем, ки фаъолияти ширкати «Акиа Авесто» дар шаҳри Душанбе ба роҳ монда шуда, самти он ба банду баст ва истеҳсоли автобус ва тролейбусҳои замонавӣ равона гардидааст.

Истеҳсоли электробуси мазкур бори нахуст дар Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Тибқи нақша ва дар асоси «Барномаи рушди нақлиëти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2023-2028 то соли 2026 бояд 300 адад чунин электробус истеҳсол гардида, барои истифода дар шаҳри Душанбе пешниҳод шавад.

Дар қисми дигари толор бо истифода аз оби табиӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» шаршара сохта шудааст. Шаршара харакати мавзун дорад ва бо навиштаҷоти ҷолиб оро ёфта, ба як манзараи диққатҷалбкунанда табдил ёфтааст. Ин манзара, ки манбаъҳои зиёди об ва фаровонии онро дар Тоҷикистон таҷассум менамояд, писанди меҳмонон гардид.

Сарони давлатҳо дар толори маҳсулоти саноати хӯрокворӣ бо растаҳои пур аз анвои дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда шинос шуданд.

Дар толор ширкатҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти хӯроквории Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, маҳсулоти ширӣ ва яхмос, меваҳои хушки ба таври замонавӣ ва мутобиқ ба стандарти байналмилалӣ бандубастшуда, консерва ва афшӯраи меваю сабзавот, равғани растанӣ, орд ва маҳсулоти аз он тайёршаванда, маҳсулоти макаронӣ, обҳои ташнашикан, машрубот, маҳсулоти қаннодӣ, чой бо иловаи хушкмеваҳои ватанӣ ва ғайраро ба намоиш гузоштанд.

Меҳмонон ба сифати маҳсулот, ки аз лиҳози экологӣ тоза буда, тамъи лазиз доранд, мароқ зоҳир намуданд.

Таъкид гардид, ки ин номгӯи маҳсулот бояд ҳарчӣ бештар истеҳсол ва ба хориҷи мамлакат, аз ҷумла ба давлатҳои Осиёи Марказӣ содирот гардад.

Толори мазкур 1700 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо 20 коргоҳу корхонаи истеҳсолии Тоҷикистон дар растаҳои алоҳида бо тарзу усули хос маҳсулоти хешро муаррифӣ намуданд.

Сипас, Сарони давлатҳо ва меҳмонон ба толори дигар гузашта, бо намоишгоҳи молу маҳсулоти саноатии Узбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон шинос шуданд.

Масоҳати умумии толори мазкур 1815 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва дар гӯшаҳои алоҳида, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии Узбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон маҳсулоти саноати сабук, техникаи маишӣ, таҷҳизоти инноватсионӣ, нассоҷӣ мошинсозӣ, канданиҳои фоиданок, масолеҳи сохтмонӣ ва ғайраро муаррифӣ намуданд.

Дар гӯшаи намоишии Ҷумҳурии Узбекистон барои 30 ширкати истеҳсолӣ шароити муаррифии молу маҳсулот фароҳам оварда шуд.

Намояндагони коргоҳу корхонаҳои саноатии Узбекистон имкон пайдо намуданд, ки маҳсулоти хешро ба таври зарурӣ пешниҳод намоянд.

Дар маҷмуъ зиëда аз 100 номгӯи маҳсулоти истеҳсоли Узбекистон, аз қабили маҳсулоти чармӣ, фарматсефтӣ, нассоҷӣ, пилла, мошинсозӣ, таҷҳизоти барқӣ, кишоварзӣ, технологияи иттилоотию рақамӣ, масолеҳи сохтмон ва ғайра ба намоиш гузошта шуд.

Дар намоишгоҳ аз Ҷумҳурии Узбекистон зиëда аз 90 нафар намояндагони соҳаи саноат иштирок доранд.

Ташкили чунин намоишгоҳи калони минтақавӣ боиси густариш ëфтани ҳамкории тиҷоратӣ байни ширкатҳо, рушду пешрафти фаъолияти коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ва афзоиши номгӯ ва ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар давлатҳо маънидод гардид.

Дар Намоишгоҳи молистеҳсолкунандагони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон зиëда аз 300 нафар намояндагони соҳаи саноат, аз корхонаҳои истеҳсолӣ ва бахши хусусӣ иштирок дошта, иқтидори истеҳсолии хешро муаррифӣ намуданд.

Маҳсулоти ба намоиш гузошташуда дар гӯшаи Ҷумҳурии Қазоқистон бахшҳои сохтмон, металлургия, мошинсозӣ, химия, нассоҷӣ, кишоварзӣ, энергетика ва ғайраро дар бар мегирад.

Аз Ҷумҳурии Қазоқистон бештар аз 300 намуд маҳсулоти саноатии 150 ширкати истеҳсолӣ ба намоиш гузошта шуд.

Ба таъкиди масъулон дар намоишгоҳи мазкур маҳсулотеро ба маъраз гузоштаанд, ки ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ ва рақобатпазириашон дар бозори ҷаҳонӣ таъмин аст.

Зимни боздиди сарони давлатҳо аз гӯшаи Туркманистон маълум гардид, ки молистеҳсолкунандагони ин мамлакат номгӯи зиëди маҳсулоти ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалиро ба намоиш гузоштаанд.

Дар намоишгоҳ аз Туркманистон зиëда аз 100 нафар намояндагони ширкатҳои истеҳсолӣ иштирок намуда, маҳсулоти нассоҷӣ, металлургӣ, химия, энергетика ва ғайраро васеъ муаррифӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки маҳсулоти саноатии коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии Узбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон ба давлатҳои дуру наздик, аз ҷумла ба Осиëи Марказӣ содирот шуда, бо дарназардошти ҷавобгӯ будан ба стандарт дар бозори ҷаҳонӣ талабгори зиëд дорад.

Дар ҳамин ҷо тавассути навори видеоӣ низоми фаъолияти ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон намоиш дода шуд.

Дар намоишгоҳ ҳамчунин натиҷаи фаъолият ва дастовардҳои Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба намоиш гузошта шуд.

Дар гӯшаи Фонди байналмилалии наҷоти Арал корҳои анҷомёфта ва нақшаҳои минбаъда барои ҳифзу барқарор намудани Баҳри Арал муаррифӣ гардид.

Фаъолияти Фонд аз тарафи сарони давлатҳо назаррас арзёбӣ гардида, ҳамкории боз ҳам бештар ва пайдо кардани роҳҳои нави бартарафии мушкилот дар ин самт муҳим шуморида шуд.

Воситаҳои нақлиёти сабукрав, мусофиркаш ва боркаш, ҳарбӣ-муҳофизатӣ, инчунин техникаҳои кишоварзии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон дар майдони кушоди намоишгоҳ, ки 6 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад, ба намоиш гузошта шуд.

Дар ин майдон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 42 воситаи нақлиëт, аз Ҷумҳурии Узбекистон 65 воситаи нақлиëт ва аз Ҷумҳурии Қазоқистон 43 воситаи нақлиëти гуногунтамға муаррифӣ гардид.

Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қосим-Жомарт Токаев, Сердар Бердимухаммедов, Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ташкили намоишгоҳи молистеҳсолкунандагони давлатҳои Осиёи Марказиро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Сарони давлатҳо ба шароиту имкониятҳои фароҳамовардашуда барои муаррифии молу маҳсулоти саноатии Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон баҳои баланд дода, ба мутасаддиëн миннатдории самимӣ изҳор доштанд.

Ба таъкиди Сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмиалии наҷоти Арал баргузор гардидани чунин намоишгоҳ бо иштироки васеи намояндагони ширкатҳои истеҳсолӣ дар густариши ҳамкории тиҷоратии кишварҳо, табодули таҷриба байни молистеҳсолкунандагон, тақвият ëфтани истеҳсолот ва содироти бештари маҳсулоти саноатӣ ба мамлакатҳои хориҷӣ заминаҳои устувор мегузорад.

Маврид ба таъкид аст, ки Намоишгоҳи молистеҳсолкунандагони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе то 16 сентябр идома меëбад. Сокинон ва меҳмонони пойтахт имкон доранд ба ин намоишгоҳ озодона оянд ва аз маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Узбекистон харидорӣ намоянд. Ҳамчунин дар намоишгоҳ барои ширкатҳои тиҷоратии ватанӣ имконияти хуби ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо корхонаҳои истеҳсолии давлатҳо фароҳам аст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE