Пагоҳ дар Душанбе мусобиқаи «Дави дӯстӣ»-и Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор мешавад

16 декабр бахшида ба 31- солагии ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе «Дави дӯстӣ» дар ду масофа — 7 км ва 5,5 км баргузор мешавад. Макони оғози дав аз назди «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт то буриши кӯчаи Карамов ва хиёбони Ҳофизи Шерозии шаҳри Душанбе муқаррар карда шудааст. Дар ин хусус ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода хабар дод.

Тавре Муҳаммадтолиб Шокирзода иброз дошт, ин дувумин мусобиқаи «Дави дӯстӣ»- и Тоҷикистону Ҳиндустон мебошад ва он ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 76-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ҳиндустон бахшида шудааст. Мусобиқаи мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Сафорати Ҳиндустон дар Душанбе ва ҳамчунин Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Бояд гуфт, ки ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи «Дави дӯстӣ» аз ҷониби ташкилкунандагони ин чорабинии варзишӣ бо туҳфаҳои пуливу молӣ қадрдонӣ мегарданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE