Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо мулоқот кард
20 феврали соли 2024 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раймундас Кароблисро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.