Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт оид ба масъалаҳои ташрифотӣ мулоқот кард

18 марти соли 2024 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт оид ба масъалаҳои ташрифотӣ Абдулмуҳсин аз-Зайд доир гардид. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд.

Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳкими равобит байни Тоҷикистону Кувайт дар соҳаҳои сиёсиву тиҷоратӣ, роҳандозии табодули сафарҳо ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE