Ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ гардид

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки олмонии рушд (KfW) вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода саҳми Бонки олмонии рушдро дар инкишофи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуд. Иброз гардид, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Ҷумҳурии Федеративии Олмон барои густариши минбаъдаи шарикии стратегӣ дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат заминаи мустаҳкам фароҳам оварда шуд.

Дар вохӯрӣ лоиҳаҳои Неругоҳи барқи обии «Себзор», Барномаи ҳифзи саломатии модару кӯдак (марҳилаи VI) ва сохтмони мактабҳо дар деҳот, ки дар якҷоягӣ бо Иттиҳоди Аврупо амалӣ мешаванд, муҳокима гардиданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо барои густариши ҳамкории минбаъда ва татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE