Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод

 Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Моор Стивенс» ҷиҳати фаъолияти аудиторӣ барои аудити ташкилотҳои қарзӣ иҷозатнома дод, иттилоъ медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон.

Тибқи иттилои манбаъ, ин тасмим бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва Низомнома «Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 тасдиқ шудааст, гирифта шуд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE