ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Шаҳри Бохтар нақшаи даъватро дар рӯзи нахустин иҷро намуд
Дар шаҳри Бохтар нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар рӯзи нахустин пурра иҷро гардид. Дар ин хусус аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиши идона ба ҳама ҷавонони далеру шуҷоъ ва соҳибватан, ки бо амри дилу виҷдон ба сафи Артиши миллӣ пайвастаанд, инчунин ба падару модарон барои тарбияи шоистаи фарзандонашон миннатдорӣ баён карда шуд. Ҳамзамон ба 13 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.