Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатӣ оид ба корҳои савдои хориҷии Вазорати тиҷорат ва савдои Давлати Қатар Аҳмад ибни Муҳаммад Ас-Сайидро ба ҳузур пазируфтанд

14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Форуми сармоягузории  “Душанбе Инвест — 2025” Вазири давлатӣ оид ба корҳои савдои хориҷии Вазорати тиҷорат ва савдои Давлати Қатар Аҳмад ибни Муҳаммад Ас-Сайидро ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушди муносибатҳои ҳамкории миёни Тоҷикистону Қатар изҳори қаноат намуданд.

Ба амалишавии 42 санади ҳамкорӣ, ки соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ, ташвиқ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, алоқаи ҳавоӣ, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро фаро мегиранд, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Аз тавсеаи ҳамкории амалии доираҳои соҳибкории ду ҷониб истиқбол карда шуд.

Ҷалби маблағҳои грантиву қарзҳои имтиёзноки фондҳо ва муассисаҳои молиявии Қатар барои татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти милливу минтақавӣ, аз ҷумла дар бахши энергетика ба мақсад мувофиқ шумурда шуд.

Фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ барои рушди ҳамкории дуҷониба ва таъсиси “Фонди муштараки иқтисодӣ ва сармоягузорӣ” байни ду кишвари дӯст аз мавзуъоти муҳими суҳбат буд.

Ба масъалаи густариши ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, аз ҷумла ифтитоҳи хатсайрҳои ҳавоӣ низ таваҷҷуҳ карда шуд.

Барои роҳандозӣ ва омӯзиши таҷрибаи Қатар оид ба низоми бонкдории исломӣ изҳори омодагӣ карда шуд.

Ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд сурт гирифт.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE