Президенти Сингапур бо сафири Тоҷикистон мулоқот намуд
25 ноябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон, ҳамзамон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Сингапур (қароргоҳ дар Деҳлии Нав) Луқмон Бобокалонзода эътимодномаи худро ба Президенти Сингапур Тарман Шанмугаратнам супорид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, сафир дуруду таманниёти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Сингапур расонид.
Президенти Сингапур оид ба тақвияти ҳамкории мутақобили судманди дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаҳои мухталиф байни ҳукумат ва мардуми ду мамлакат ибрози назар намуд.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сингапур ҳаштуми декабри соли 1995 барқарор шудаанд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

