Аз ҷониби судҳо дар маҷмӯъ 153 ҳазору 150 парванда баррасӣ шудааст

Тибқи маълумоти оморӣ, дар соли 2025 аз ҷониби судҳо дар маҷмӯъ 153 ҳазору 150 парванда баррасӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2024 16 ҳазору 464 адад кам мебошад. Аз ҷумла, 51 ҳазору 431 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 47 ҳазору 141 парвандаи оилавӣ, 15 ҳазору 316 парвандаи гражданӣ ва 13 ҳазору 799 парвандаи ҷиноятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Қобили зикр аст, ки шумораи парвандаҳои маъмурӣ беш аз 23 ҳазор адад коҳиш ёфтааст.

Дар самти татбиқи қонунгузорӣ вобаста ба танзими ҷашну маросим 1297 парванда баррасӣ шуда, ба 1268 нафар ба маблағи умумии зиёда аз 10,9 миллион сомонӣ ҷарима таъин гардидааст. Ҳамзамон, аз рӯи Қонун «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» беш аз 10 ҳазору 500 парванда баррасӣ шуда, ба 8561 нафар ба маблағи умумии қариб 7 миллион сомонӣ ҷарима татбиқ шудааст.

Дар натиҷаи баррасии парвандаҳо аз ҳисоби боҷи давлатӣ, ҷарима ва мусодираи молу мулк ба буҷети давлат беш аз 216 миллиону 395 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта қариб 91 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар доираи сиёсати рақамикунонӣ, гурӯҳи кории доимӣ таъсис ёфта, татбиқи барномаи «E-COURT» оғоз гардидааст. Ин барнома имкон медиҳад, ки коргузории судӣ пурра ба шакли электронӣ гузаронда шуда, шаффофият ва самаранокии фаъолияти судҳо таъмин гардад. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Суди Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Мирзозода  ба рӯзноманигорон иттилооъ дод.

Шукрона Насриддинзода

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE