Дар нимсолаи аввал беш аз 80 ҳазор парванда баррасӣ шуд


Дар нимсолаи якуми соли 2026 судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратӣ дар маҷмӯъ 80 ҳазору 193 парванда ва маводи гуногунро баррасӣ намуданд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 ҳазору 401 адад зиёд мебошад.
Дар ин бора Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Мирзозода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар давраи ҳисоботӣ инчунин 630 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим» баррасӣ гардида, нисбати 704 нафар ба маблағи умумии зиёда аз 5 миллион сомонӣ ҷарима таъин шудааст.
Ҳамзамон, аз рӯи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» 8392 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ шуда, нисбати 7224 нафар ба маблағи умумии беш аз 5,7 миллион сомонӣ ҷарима татбиқ гардидааст.
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE