Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон…
Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Тоҷикистон дар масири рушди устувор: 35 соли созандагӣ ва рушди миллӣ» баргузор гардид.
Ҳадафи баргузории чорабинӣ баррасии дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, натиҷаҳои рушди устувор ва нақши сиёсати давлатӣ дар таҳкими суботи миллӣ буд.
Дар ҷараёни чорабинӣ иштирокчиён натиҷаҳои рушди кишварро дар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ баррасӣ намуда, аҳамияти таҳкими дастовардҳои миллӣ ва таъмини рушди устувори Тоҷикистонро таъкид карданд.
Муқаддас Машрабён,
Садои Душанбе.

