«Баҳористон — ҳамқадами насли наврас»…
«Баҳористон — ҳамқадами насли наврас»
Имсол барои Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон – Баҳористон» соли воқеан таърихӣ ва хотирмон мебошад. Аз таъсиси шабака 20 сол сипарӣ мегардад. Бист сол — ин танҳо як рақам нест. Ин ду даҳсолаи фаъолияти пурмасъулият, ҷустуҷӯҳои эҷодӣ, таҷрибаандӯзӣ, навоварӣ ва заҳмати содиқонаи кормандони муассиса дар роҳи таълиму тарбия ва маърифатнокии насли наврас мебошад. Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон – Баҳористон» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2006, №350 таъсис ёфта, фаъолияти расмии худро 4 сентябри соли 2006 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз намудааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба таълиму тарбия, ҷаҳонбинӣ ва рушди маънавии кӯдакону наврасон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Насли наврас ояндаи миллат ва давлати соҳибистиқлол буда, тарбия намудани онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, инсондӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ вазифаи муҳимми ҷомеа мебошад. Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад, ки бо ташаббуси Сарвари давлат барои кӯдакону наврасон телевизиони махсус таъсис додааст. Таъсиси «Телевизиони Баҳористон» дар ҳаёти фарҳангиву иттилоотии кишвар рӯйдоди муҳим ба ҳисоб рафта, барои кӯдакону наврасон минбари махсуси маърифату фароғат, тарбия ва рушди истеъдодҳоро фароҳам овард. Ҳадафи асосии муассиса тарбия намудани кӯдакону наврасон дар рӯҳияи инсондӯстиву ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ, рушди истеъдоду қобилият, бедор намудани ҳисси масъулиятшиносӣ ва муҳаббат ба Ватан, инчунин қонеъ гардонидани талаботи маънавӣ, фарҳангӣ, бадеӣ ва эстетикии онҳо мебошад. Дар тӯли бист соли фаъолияти худ «Телевизиони Баҳористон» тавонист миёни кӯдакону наврасон ҷойгоҳи хоси худро пайдо намуда, ба яке аз минбарҳои муҳими маърифативу тарбиявӣ табдил ёбад. Имрӯз «Телевизиони Баҳористон» ҳамчун шабакаи махсуси кӯдакону наврасон фаъолияти худро бо барномаҳои гуногунжанру гуногунмавзӯъ пеш мебарад. Намоишҳои шабака асосан бо забони давлатӣ таҳия шуда, ҳамзамон мавод бо забонҳои русӣ ва англисӣ низ ба тамошобинон пешниҳод мегардад. Айни замон дар шабака беш аз 45 барномаи гуногунжанру гуногунмавзӯъ роҳандозӣ гардида, фарогирии пахши он дар қаламрави кишвар ба 88,01 фоиз мерасад. Давомнокии пахши барномаҳои «Телевизиони Баҳористон» дар як шабонарӯз 15 соатро ташкил дода, пахши барномаҳо ҳамарӯза аз соати 07:00 то 22:00 ба роҳ монда мешавад. Мазмун ва муҳтавои барномаҳо ба тарбияи маънавию ахлоқии кӯдакону наврасон, баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди ҷаҳонбинӣ, ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи муҳити зист ва тарғиби тарзи ҳаёти солим равона гардидааст. Таҳияи барномаҳои нав ва такмили мунтазами муҳтавои онҳо имкон медиҳад, ки доираи аудиторияи шабака васеъ гардида, таваҷҷуҳи кӯдакону наврасон ба барномаҳои ватанӣ бештар шавад. Зеро насли имрӯз нисбат ба гузашта бо сатҳи дигаргуншудаи дониш, ҷаҳонбинӣ ва дарки воқеият ба воя мерасад. Аз ин рӯ, пешниҳоди барномаҳои ҷолиб, омӯзанда, муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи кӯдакону наврасон аз вазифаҳои асосии шабака ба ҳисоб меравад. Яке аз хусусиятҳои муҳимми фаъолияти «Телевизиони Баҳористон» иштироки бевоситаи кӯдакону наврасон дар таҳия ва сабти барномаҳо мебошад. Барномаҳои «Биёед, бигӯем», «Афсонаҳои табиат», «Ҳамболи дониш», «Чашмаи меҳр», «Биё, тамошо», «Дар таътили тобистон», «Меҳргоҳ», «Дар меҳмонии ТВ Баҳористон», «Бо ҳам меёбем!», «Таҳамтан», «Се духтаракон будем», «Матин», «Беҳтар аз дӯст», «Маҳфили адибони наврас», «Happy English», «Се саволи нозанин», «Як соат», «Ангубин», «Сафои саҳар» ва «Донояк» аз ҷумлаи барномаҳои мазкур мебошанд. Иштироки бевоситаи кӯдакону наврасон дар барномаҳо на танҳо ҷолибияти эфирро бештар мекунад, балки барои рушди қобилияти суханронӣ, тафаккур, эҷодкорӣ, мустақилият ва малакаҳои муоширати онҳо низ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Аҳли эҷоди радиои «Садои Душанбе» кормандон ва эҷодкорони муассисаи давлатии Телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон »-ро ба муносибати 20-умин солгарди таъсиси шабака самимона табрик менамояд.

