Имрӯз дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон…

Имрӯз дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинги омӯзишӣ барои рӯзноманигорон, мухбирон, муҳаррирон, режиссёрон, сенариянависон ва дигар мутахассисони воситаҳои ахбори омма оғоз гардид. Тренинг тибқи талаботи банди 6, зербанди 4-и Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025–2030 ва Нақшаи амали он барои солҳои 2025–2027 ташкил шуда, имрӯз ва пагоҳ идома меёбад.

Зимни тренинг масъалаҳои ташаккули малакаҳои таҳлили тарзи инъикоси пешгирии табъиз ва зӯроварӣ дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ, шарҳи мафҳумҳои асосии табъиз, зӯроварӣ ва нобаробарии гендерӣ мавриди омӯзиш қарор мегиранд.

Ҳамчунин, таъсири қолабҳои гендерӣ ба афкори ҷомеа, истифодаи забони табъизомез, айбдор намудани ҷабрдида ва паҳн гардидани тасаввуроти нодуруст тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баррасӣ мешаванд.

Дар доираи омӯзиш ба нақши рӯзноманигорон дар дастгирии занони дучори зӯроварӣ ва табъиз, роҳнамоии онҳо барои муроҷиат ба мақомоти дахлдор, марказҳои буҳронӣ ва ташкилотҳои дастгирӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир мегардад. Илова бар ин, иштирокдорон бо тарзу усулҳои омода намудани паёмҳои иттилоотӣ ҷиҳати баланд бардоштани огоҳии ҷомеа дар самти пешгирии табъиз ва зӯроварӣ шинос мешаванд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE