Имрӯз дар варзишгоҳи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон…
Имрӯз дар варзишгоҳи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи М. Турсунзодаи шаҳри Душанбе, тамрини «Мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ» баргузор гардид.
Тамрини мазкур дар асоси банди 9 Низомномаи «Мудофиаи ҳудудӣ», ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2017, №970 тасдиқ гардидааст, инчунин мутобиқи Нақшаи сафарбарии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2025, №ФП-1103 тасдиқ шудааст, ба нақша гирифта шуда буд.
Маврид ба зикри хос аст, ки дар доираи тамрин иштироки беш аз 8 ҳазор нафар шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордоштаи ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе пешбинӣ гардида буд.
Тамрини «Мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ» ба баланд бардоштани сатҳи омодагии сафарбарӣ, таҳкими ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои дахлдор ва такмили малакаи амалии иштирокчиён дар самти иҷрои вазифаҳои вобаста ба мудофиаи ҳудудӣ равона шудааст.

