Имрӯз дар Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе…
Имрӯз дар Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи Ҷашнвораи VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор гардид.
Дар ҷашнвора ҳунармандони панҷ кишвар — Тоҷикистон, Россия, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон иштирок намуда, бо намоишҳои театрӣ ҳунару маҳорати эҷодии худро муаррифӣ менамоянд.
Ҷашнвораи мазкур то 26 октябри соли 2026 идома ёфта, ҳадафи он рушди санъати театрҳои лӯхтак, табодули таҷрибаи эҷодӣ миёни ҳунармандони кишварҳои иштирокчӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангии байналмилалӣ мебошад.
Баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ барои муаррифии дастовардҳои санъати театрӣ, густариши ҳамкории эҷодӣ ва ҷалби кӯдакону наврасон ба олами фарҳангу ҳунар мусоидат менамояд.

