Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе»…

Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз гардид, ки то 24 октябр идома меёбад.
Дар намоишгоҳ беш аз 30 муассисаи нашриявии ватаниву хориҷӣ аз ҷумлаи Федератсияи Русия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо иштирок доранд.

Ҳадафи намоишгоҳ рушди соҳаи табъу нашр, тарғиби фарҳанги китобхонӣ, муаррифии китобҳои тозанашр ва густариши ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ мебошад.

Дар доираи намоишгоҳ баргузории конфронсҳои байналмилалӣ, ҳамоишҳо, муаррифии китобҳои нав ва мизи мудаввар пешбинӣ гардидааст.

Намоишгоҳ то 24 октябр ҳамарӯза аз соати 09:00 то 17:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон идома меёбад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE