ДАР БОҒИ ҒАЛАБАИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ НАВАСКАРОН БАРГУЗОР ГАРДИД…
ДАР БОҒИ ҒАЛАБАИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ НАВАСКАРОН БАРГУЗОР ГАРДИД
Имрӯз дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавии савгандёдкунии наваскарони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маросими мазкур вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Эмомалӣ Собирзода Муовини Раиси шаҳри Душанбе Исмоилзода Нурҷаҳон Ҷамшед
ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода иштирок намуданд.
Зимни маросим наваскарон дар назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганди ҳарбӣ ёд карда, барои содиқона хизмат намудан ба халқу Ватан, ҳифзи марзу буми кишвар ва таъмини амнияту суботи давлат омодагии худро изҳор доштанд.
Таъкид гардид, ки хизмати ҳарбӣ мактаби ҷасорату мардонагӣ, ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ буда, ҳар як ҷавонро дар рӯҳияи садоқат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва иҷрои қарзи шаҳрвандӣ тарбия менамояд.
Қайд карда шуд, ки савганди ҳарбӣ барои ҳар як сарбоз масъулияти бузург буда, риояи интизоми ҳарбӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат ва содиқ будан ба савганди ёдшуда аз муҳимтарин вазифаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба ҳисоб меравад.
Маросим бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва эҳсоси ифтихор аз Ватану давлат баргузор гардид.

