Дар полки таъйинотӣ ва идоракунии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон 200 нафар савганди ҳарбӣ ёд намуданд

Гурӯҳи беш аз 200-нафараи наваскароне, ки зимни даъвати тирамоҳӣ ба ҳайати ҷузъу томи низомии қӯшунҳои мусаллаҳ  шомил гардиданд, пас аз омӯзиши курси кӯтоҳмуддати наваскарӣ, аз худ намудани тартибу низом ва талаботу қоидаҳои рӯзмараи хизмати ҳарбӣ дар полки таъйинотӣ ва идоракунии Вазорати мудофиа савганди ҳарбӣ ёд намуданд.

Дар ҷамъомад чун оини ҳарвақтаи низомиён нахуст байрақи ҷангии қисми низомӣ вориди майдон гардида, сипас Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ваҳдату якдилӣ ва осоиштагии миллатро дар худ таҷассум мекунад, садо дод.

Ҳайати шахсии наваскарони дар саф буда ҳар як ба назди афсарони масъули ҷузъу томҳои қисмҳои ҳарбӣ баромада, барои садоқат ба халқу ватан ва баҳри муҳофизати ҳар порча хоки марзу буми аҷдодӣ савганди ҳарбӣ ёд намуданд.

Дар ҷараёни баргузории ҳамоиш масъулин аз Вазорати мудофиа, роҳбарияти қисми низомӣ ва падару модарон наваскаронро бо ин рӯзи фаромӯшнашавандаи ҳаёташон табрик намуда, ба онҳо баҳри хизмати софдилона ба ватани азизу маҳбуб муваффақият таманно намуданд. Наваскарон дар назди ҳозирин бо аҳди ҷавонмардона иброз доштанд, ки софдилонаву содиқона ба халқу ватан хизмат намуда, дастоварду музаффарияти даврони 30 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизро муҳофизат менамоянд.

Ҳайати шахсии сарбозони Ротаи қаравули фахрии Полки таъминотӣ ва идоракунии Вазорати мудофиа дар доираи як самти фаъолият ва уҳдаориҳои ҳарбии хеш платс консерт ва ҳаракатҳои мавзуни низомӣ намоиш дода, ба чорабинии идонаи наваскарони қисми ҳарбӣ шукӯҳи дигаре зам карданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE