7 паҳлавони шинохтаи тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар Узбекистон иштирок мекунанд

Аз 12 то 14 ноябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон  Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо сурат мегирад, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро 7 паҳлавони шинохта  намояндагӣ хоҳанд кард. Ин нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо хоҳад буд, ки дар 7 вазн ғолибон муайян мешаванд.

Ҳайати дастаи  мунтахаби  Тоҷикистон оид ба самбо дар чемпионати ҷаҳон аз инҳо иборат аст:

  1. Акмалиддин Каримов (58кг)
  2. Хушқадам Хусравов (64кг)
  3. Муҳаммадисо Раҷабов (71 кг)
  4. Ҳамроз Раҷабов (79кг)
  5. Зафар Олимшоев (88кг)
  6. Фирдавс Насимзода (-98кг)
  7. Хуршед Маҷидов (+100кг)

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE