Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сайид Иброҳим Раисӣ
28 ноябр дар шаҳри Ашхобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи 15-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ мулоқот карданд.
Дар мулоқот маҷмӯи масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон, мавзӯъҳои робитаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат бо итминон изҳор доштанд, ки татбиқи мувофиқаҳои зимни музокирот ҳосилшуда ба рушду тавсеаи равобити дуҷонибаи кишварҳоямон такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид.
Ҷонибҳо зимни баррасии масоили таҳкиму тавсеаи ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар арсаҳои саноату кишоварзӣ, энергетика ва маъдан, дорусозӣ, масолеҳи сохтмониро ба манфиати ду кишвар арзёбӣ карданд. Тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои бунёди саддҳо, нерӯгоҳҳо, пул ва нақбҳо, роҳҳои оҳан ва мошингард аз имкониятҳои дигари робитаҳои судовар номида шуд.
Нақши Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ дар таҳкими робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвар муҳим арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо дар соҳаи нақлиёт пайваст будани шабакаҳои нақлиётии ду кишвар, аз ҷумла роҳҳои заминӣ ва оҳанро ба бандарҳои обии Эрон зарур шумурданд.
Дар мулоқот ҳамчунин ҳолат ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ, муҳокима гардид.