ДАР ДУШАНБЕ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «СОҲИБКОРИ СОЛ» ҚАДРШИНОСӢ ШУДАНД…
ДАР ДУШАНБЕ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «СОҲИБКОРИ СОЛ» ҚАДРШИНОСӢ ШУДАНД
Имрӯз дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол» баргузор гардид.
Озмуни мазкур ба рушди соҳибкорӣ, дастгирии ташаббусҳои соҳибкорони ватанӣ, ҳавасмандгардонии фаъолияти истеҳсолӣ ва муаррифии таҷрибаи пешқадам дар соҳаи соҳибкорӣ равона шудааст.
Зимни маросим ғолибони озмун барои фаъолияти самарабахш, саҳми арзанда дар рушди иқтисоди миллӣ ва татбиқи ташаббусҳои созанда бо ҷоизаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Таъкид гардид, ки рушди соҳибкорӣ дар фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани иқтидори истеҳсолии кишвар ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши муҳим дорад.
Баргузории чунин озмунҳо барои баланд бардоштани рақобатпазирии соҳибкорони ватанӣ, ҷалби сармоя ва тақвияти саҳми бахши хусусӣ дар рушди иқтисодиёти мамлакат мусоидат менамояд.

