Панҷакент: Сарвари давлат Маркази савдо ва хизматрасонии «Убайдулло»-ро ба истифода доданд
14 апрел дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент Маркази савдо ва хизматрасонии «Убайдулло»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур аз 9 ошёна иборат буда, дар ошёнаҳои болоии он манзилҳои як, ду ва сеҳуҷрагӣ ҷойгир карда шудаанд. Қабати якуми иншоот коргоҳи дӯзандагӣ, мағозаи фурӯши либоси мактабӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумиро дар бар мегирад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Маркази савдо ва хизматрасонии “Убайдулло” бо харҷи беш аз 11 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Асадулло Муродиллоев бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.
Дар маҷмӯъ, бо мавриди истифода қарор гирифтани Маркази савдо ва хизматрасонии “Убайдулло” дар шаҳри Панҷакент беш аз 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2018 оғоз гардида, дар рафти бунёди ин бино 60 нафар сокини маҳаллӣ ва меъморон бо кори муваққатӣ таъмин гардиданд.
Дар коргоҳи дӯзандагӣ, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мебошад, 60 чевари маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шуданд. Модарону хоҳарони ҳунарманд, ки то ин дам фаъолиятро дар хонаҳояшон идома медоданд, аз таъсис ёфтани коргоҳи дӯзандагӣ бо шароити хуби корӣ изҳори хушҳолӣ намуда, ба роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии доимии занон миннатдорӣ баён карданд.
Дар коргоҳи дӯзандагӣ истеҳсоли сару либоси мактабӣ ба роҳ монда шуда, он имкон дорад, ки миқдори муайяни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакентро бо сару либоси мактабӣ таъмин намояд. Ҳамчунин коргоҳ барои мардону занон ва кӯдакон либосҳои зебову шинам истеҳсол менамояд, ки аз лиҳози сифат рақобатпазиранд.
Дар ошёнаи якуми иншооти тозабунёд мағозаҳои фурӯши либоси мактабӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи мардум фаъолият менамоянд. Аз ҷумла, маҳсулоти истеҳсолшудаи коргоҳи дӯзандагӣ дар ҳамин мағоза ба фурӯш бароварда мешаванд.