БА ИСТИҚБОЛИ 25-СОЛАГИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Қитъаи роҳи Шкев-Қалъаихум ба истифода дода мешавад
Роҳсозони ватанию хориҷии ширкати Чайна-Роуд даҳаи дуюми моҳи апрел бо истифода аз ҳавои мусоид дар роҳи байналмилалии Шкев-Қалъаихум мумфарш намудани қабати дуюми шоҳроҳро дар километри 38-уми қитъаи Шкев-Зиғар аз даромадгоҳи деҳаи Зиғар то Ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳия бо ғафсии 5 см ва паҳноии 8 метр шурӯъ намуданд. Механизму техникаи муосир ба роҳсозон имконият дод, ки давоми ду ҳафта 10 километри ин қитъаи роҳро тибқи талаботи меъёрҳои ҷаҳонии роҳсозӣ асфалтпӯш намоянд.
Мумфарш намудани қабати дуюми роҳ дар айни ҳол дар километри 27-уми қитъаи Шкев-Зиғар бо суръати баланд идома дошта, масъулину мутахассисони лоиҳа ҳар замон ба сифати корҳои анҷомдода таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд, то роҳи мазкур муддати тӯлонӣ сифаташро дигар ва барои ронандагону мусофирон мушкил эҷод накунад.
Мутахассиси ширкати муттаҳидаи муҳандисии «Хатиб Алами» Абдулло Аломари гуфт, ки “навсозии қитъаи 38-километраи роҳи Шкев-Зиғар мутобиқи дастуру роҳнамои Роҳбарияти олии мамлакат соли 2003 шурӯъ гардид ва бо харҷи бештар аз 31 миллиону 750 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ширкатҳои роҳсозии ватанӣ ва ширкати туркии “Ояк-Иншаат” моҳи ноябри соли 2005 бо ширкати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ мавриди истифода гирифта буд. Давоми 17 соли охир ронандагону мусофирон бе ягон монеа ва мушкил аз ин роҳ убур мекарданд”.
Роҳсозони ватанию хориҷӣ тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона намудаанд, ки бунёду навсозии роҳу пулҳоро дар ин қитъаи роҳ бо суръат ва сифати хуб ба анҷом расонида, дар остонаи 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ онро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.