СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН: ТОҶИКИСТОН МИЗБОНИ ҶАЛАСАҲОИ МУҲИМИ ФАРОМИНТАҚАВӢ ДАР СОЛИ 2021

Ба роҳ мондани парвозҳои ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Россия, низоъҳои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ва омодагии Душанбе ба ҷаласаҳои муҳими сатҳи байналмилилӣ ба монанди Ҷаласаи сарони Ҳукуматҳои давлатҳои СҲШ ва СААД инчунин дигар чорабиниҳое, ки кишвари мо мизбонии онро дорад аз мавзӯъҳое буданд, ки баҳси зиёдро миёни хабарнигорон ва ВКХ дар нишасти матбутии ин ниҳод дар пай дошт.

Таъсири Ковид-19 дар баробари дигар соҳаҳои гуногун, ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон низ нақши худро дар пай дошт. Аз сар гирифтани парвозҳои ҳавоӣ миёни кишварҳои гуногун бо кишвари мо, баргузории чандин чорабиниҳое, ки Тоҷикистон дар соли 2020 нияти роҳандозӣ намудан дошт ва дигар масъалаҳои муҳиме, ки ҳамакнун ба соли 2021 мавқуф гузошта шудааст. Ин нуқтаро зимни нишасти матбуотии Вазорати корҳои хориҷӣ ВКХ Сироҷиддин Муҳриддин ба хабарнигорон иттилоъ дод. Яке аз мавзӯъҳои асосии дар нишаст баррасишуда ин дубора иҷозаи парвозҳои ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Россия мебошад, ки вазир гуфт ин масъала дар меҳвари баррасии ҳамкориҳои ду кишвар буда, рӯзҳои наздик ҷониби Россия ба қарори ниҳоӣ хоҳад омад.

Сироҷиддин Муҳриддин дар идома иброз дошт, ки дар баробари дигар консулгариву сафоратҳо намояндагиҳои Тоҷикистон дар шабу рӯзи авҷи бесобиқаи Ковид-19 дар канори шаҳрвандони худ буданд ва талош мекарданд то ҳарчи зудтар барои баргардонидани онҳо чораҳои зарурӣ андешанд. Масъалаи дигаре, ки мавриди таваҷҷӯҳи намояндагони ВАО ва вазир буд, ин муноқишаҳои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошад. Ба зикри Сироҷиддин Муҳриддин ҳарчанд талоши Тоҷикистон дар самти сулҳҷӯёна баррасӣ кардани ин масъала зиёд аст аммо ба назар мерасад, ки ба баъзе бандҳои протоколи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон аз ҷониби кишвари ҳамсоя риоя намегардад. Вазир гуфт, ки мо умед дорем бо омадани Ҳукумати нав ин масъала роҳи ҳалли худро хоҳад ёфт.

Новобаста аз бурду бохте, ки дар самти сиёсати хориҷии кишвар дар соли 2020 буд, ҳамакнун соли 2021 Тоҷикистон мизбонии чанд чорабинии муҳими сатҳи ҷаҳониро дар худ дорад. Аз ҷумлаи онҳо баргузории Ҷаласаи навбатии сарони Ҳукуматҳои давлатҳои СҲШ ва Ҷаласаи Сарони кишварҳои СААД инчунин чандин чорабиниҳо ва Симпозиумҳои байналмилалиро ба нақша гирифтааст. Сироҷиддин Муҳриддин ба суоли хабарнигорон дар мавриди дар шароити пандемия баргузор намудани ин чорабиниҳо дар сатҳи зарурӣ чунин гуфт, ки ҳама чиз аз вазъият вобаста аст ва ҷониби Тоҷикистон хостори ба таври ҳузурӣ баргузор намудани ҷаласаҳо мебошад. Аммо агар як кишвар пешниҳод кунад, ки ба таври маҷозӣ баргузор гардад ин масъала ҳатман ба иновбат гирифта хоҳад шуд.

Ба таъкииди Сироҷиддин Муҳриддин робитаҳои хориҷӣ дар сатҳҳои гуногун миёни мақомотҳои Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷиву созмонҳои байналмилилӣ дар соли 2020 дар шаклҳои маҷозиву ҳузурӣ идома пайдо карда, баҳри таҳкиму густариши ҳамкориҳо дар арсаҳои гуногун мусоидат карданд. Дар маҷмӯъ ба гуфтаи ВКХ рӯйдодҳои соли 2020 аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳамкориҳо бо кишварҳои шарик, сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда тавонистанд раваниди мусбати муносибатҳои дуҷонибаро на танҳо ҳифз кунанд, балки суръат бахшанд. Дар идомаи нишасти хабарӣ миёни Сироҷиддин Муҳриддин ва намояндагони ВАО дар дигар самтҳо низ мулоҳизаҳо сурат гирифтанд.

Шодонҷон Султонов

Садои Душанбе

 

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE