Музаффар Ашӯриён: дар шаш моҳи соли равон 111,5 ҳазор кӯдак таваллуд шудааст
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли равон дар Тоҷикистон 111,5 ҳазор кӯдак таваллуд шудааст, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 фоиз зиёд мебошад.
Ба гуфтаи Музаффар Ашӯриён, дар нимсолаи аввал дар баробари таваллуд зиёд шудан, фавт кам ба қайд гирифта шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ 16,3 ҳазор нафар фавтидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 фоиз кам аст. Дар 30 соли охир шумораи аҳолии Тоҷикистон аз 5,5 миллион нафар ба 9,8 миллион нафар афзудааст, яъне 1,8 баробар зиёд шуда, соли 2022 10 миллион нафарро ташкил хоҳад дод.
«Мутахассисон сабабҳои зиёд шудани умри инсонро дар кишварамон ба рушди иқтисодӣ, коҳиш ёфтани фавти кӯдакон ва аҳолии қобили меҳнат, кам шудани истеъмоли машрубот ва тамоку, «инқилоби дилу рагҳо» (муборизаи бомуваффақият бар зидди бемориҳои дил ва рагҳои хунгард, аз ҷумла сактаи майнаи сар), кам шудани шумораи куштор ва худкушӣ рабт медиҳанд», — илова кард вазир.
Зимнан, Музаффар Ашӯриён аз ҳолати зиёд шудани ҷудошавии оилаҳо изҳори нигаронӣ намуд. Ў таъкид сохт, ки дар шаш моҳи соли равон дар мамлакат 7265 ҳолати ҷудошавии оилаҳо ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 фоиз зиёд мебошад. Бақайдгирии ҷудошавии оилаҳо бештар дар вилоятҳои Суғду Хатлон ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамчунин зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ Вазорат ҷиҳати мутобиқнамоӣ ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳо ва бо мақсади бартараф намудани ихтилофу норасоиҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ 4 лоиҳаи қонун ва 3 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.