Футболбозони ҷавони тоҷик аввалин бозии дӯстонаи худро бо дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ баргузор карданд

Шоми  дирӯз дастаи мунтахаби ҷавонони то 20 солаи  Тоҷикистон  оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар шаҳри Абҳа бо ҳамсолонашон аз Арабистони Саудӣ нахустин бозии дӯстонаи худро баргузор карданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар ин бозии ҷолиб  дастаи  мунтахаби ҷавонони  то 20 солаи Тоҷикистон  аз дастаи мунтахаби  ҷавонони  то 20 солаи Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 1:0 мағлуб гардид. Мавриди зикр аст, ки  ягона голро   бозингари  дастаи  мунтахаби  ҷавонони     Арабистони Саудӣ    Язид Гошан дар дақиқаи 4 вохӯрӣ  ба  нишон расонид.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби ҷавонони то 20 солаи  Тоҷикистон  оид ба футбол  бози дуюми дӯстонаи худро рӯзи 16 июли соли равон дар шаҳри Абҳа бо ҳамсолонашон аз Арабистони Саудӣ  баргузор мекунад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE