Дар ДМТ оид ба Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон»–оинаи таърихи миллат» ҳамоиш доир шуд

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо истиқбол аз ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баргузории Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»–оинаи таърихи миллат» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар оғози ҳамоиш Ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки имрӯз мо аз иқдомҳои наҷиби Пешвои миллат бо самимияти том истиқбол мегирем.

«Иқдоми навбатии Президенти мамлакат воқеан падидаи ниҳоят арзишманд, воқеаи беназир ва мондагор аст. Омӯзиши таърих дар замони ҷаҳонишавӣ муҳимтарин омил дар самти худшиносиву худогоҳии миллӣ ба шумор меравад. Ба маврид аст, ки аз таъкидҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шинохти рисолати таърих дар сарнавишти инсонҳо ёдовар шавем. «Воқеан мактаби худшиносӣ, истиқлолият ва давлату давлатдории миллӣ баробари чандин омилҳои объектививу субъективӣ боз як омӯзгори хеле сахтгиру нуктасанҷе дорад, ки онро таърих меноманд»,- илова кард Ректори донишгоҳ.

Дар интиҳои ҳамоиш Ректори донишгоҳ ҷиҳати иштироки фаъоли устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар даври донишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»–оинаи таърихи миллат» дастурҳои мушаххас дода, пешниҳод намуд, ки дар пайравӣ ба ташаббусҳои хирадмандонаи Пешвои миллат аз рӯйи асари «Тоҷикон дар оинаи таърих: Аз Ориён то Сомониён»-и Пешвои миллат миёни устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ озмун гузаронида шавад.

Таъкид шуд, ки баргузории озмунҳои мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният роҳандозӣ гардидааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE