Нақши Тоҷикистон дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар минтақа муҳим арзёбӣ шуд

3 август Директори Агентии  назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай Руслан Мирзаев мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳабибулло Воҳидзода меҳмононро бо сиёсати зиддимухаддиротӣ, аз ҷумла ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи маводи нашъаовар дар ҷумҳурӣ ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти мусодираи маводи нашъаовар шинос намуд.

Инчунин доир ба фаъолияти Агентӣ дар мусодираи маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ, сохтор, мақсаду вазифаҳои он муаррифномаи алоҳида нишон дода шуд.

Руслан Мирзаев нақши Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар минтақа муҳим арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки саҳми Агентӣ дар раванди ин мубориза пурсамар ва ҳадафрас мебошад.

Инчунин ӯ ташаббуси Тоҷикистонро дар хусуси таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар шаҳри Душанбе муҳим арзёбӣ намуд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо самтҳои ҳамкории мутақобиларо дар доираи ваколатҳои идоравӣ баррасӣ намуда, омодагии худро барои амалӣ кардани онҳо изҳор доштанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE