Хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил ба Ҷопон фиристода мешаванд
16 нафар хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил ба Ҷопон фиристода мешаванд. Дар ин бора аз Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
1 декабр дар Агентии хизмати давлатӣ ҷаласаи якуми Комиссияи идоракунии Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо дар донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопон баргузор шуд.
Дар кори ҷаласа мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи кадрҳо Меҳрӣ Олимшо, сардори раёсати кадрҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Ибодзода, Директори Агентии хизмати давлатӣ Ҷумъа Давлатов, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аики Тосихиро, роҳбари намояндагии Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (JICA) Такасака Мунео, роҳбари минтақавии Дафтари Лоиҳаи JDS дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Томиника Юка иштирок намуданд.
Тибқи барномаи ҷаласаи комиссияи идоракунии лоиҳаи мазкур, дар кори комиссия масъалаи сохтор ва амалигардонии лоиҳа дар соли 2022, талаботи тахассусӣ, рӯйхати мақомоти давлатӣ ва ташкилоти пешниҳодкунандаи довталабон, нақшаи корҳои иттилоотӣ, чорабиниҳо барои интихоби хизматчиёни давлатӣ, ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда ва талаботи интихоб мавриди баррасӣ қарор дода шуда, бо назардошти таклифу пешниҳодҳо ва такмил ҳуҷҷатҳои дахлдор дар кори Комиссияи идоракунии лоиҳа тасдиқ карда шуданд.
Мувофиқи ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон оид ба «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ», Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ вобаста ба «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ» ва Қарордоди байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҳамкории байналмилалии Ҷопон оид ба хизматрасонӣ соли 2023 низ 16 нафар хизматчиёни давлатӣ, аз он 15 нафар ба магистратура ва 1 нафар ба докторантураи донишгоҳҳои Ҷопон интихоб ва барои таҳсил ба Ҷопон фиристода мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки ҳамкории Агентии хизмати давлатӣ бо ҷониби Ҷопон сол аз сол тавсеа ёфта, барои рушд ва истифодаи самарабахши захираҳои инсонӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Дар айни замон тибқи стипендияҳои ҷудогардида давоми солҳои 2009-2021 106 нафар хизматчиёни давлатӣ, намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ба магистратура ва докторантура фиристода шуда, 75 нафари онҳо онро сарбаландона хатм намуда, 42,6 % — и онҳо бо болоравии мансабӣ таъмин карда шудаанд.
Имрӯз 31 нафар хизматчиёни давлатии Тоҷикистон дар доираи стипендияҳои мазкур дар давлати Ҷопон таҳсил доранд.