Ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан

10.08.2022 09:37, шаҳри Истаравшан

10 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба истифода супориданд.

Бинои нав аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, дорои 8 ҳуҷраи корӣ, ду маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст, китобхона ва дигар инфрасохтори зарурӣ мебошад.

Иншоот дар масоҳати 312 метри мураббаъ бо тарҳи муосир аз ҷониби Кумитаи марказии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, аъзоёни Ҳизб ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд карда шудааст.

Муҷаҳҳаз намудани ҳуҷраҳои корӣ бо лавозимоти зарурӣ имкон медиҳад, ки минбаъд 11 нафар корманди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан бо истифода аз шароити лозима бо азму иродаи қавӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ кору фаъолият намоянд.

Имрӯз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан 13 ҳазору 802 нафар аъзо дорад, ки аз ин 53 дарсадашро ҷавонон ташкил медиҳад.

Дар баробари бунёди ҳуҷраҳои муосир ва дастрас намудани лавозимоти зарурӣ ҳамзамон атрофи бинои навбунёд бо шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ ва чарроғоннамоӣ ободу зебо гардонида шудааст.

Президенти мамлакат, Раиси муаззами Ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои ба истифода супоридан ва шиносоӣ аз имконияти бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан ба аъзоён ва соҳибкорон ҷиҳати бунёди бинои хуштарҳу замонавӣ изҳори сипос намуда, кормандонро ба хизмати софдилона ва иҷрои масъулияти бузурги шаҳрвандӣ ҳидоят намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE