БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. 14 август дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Ватан бармегардад
14 август, соати 08:00 ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастоварди олимпӣ тариқи хатсайри Париж — Тошканд — Душанбе ба Ватан бармегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Кумита ҳаводорону дӯстдорони варзиши тоҷикро даъват менамояд, ки бо руҳияи баланди тоҷикона ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ дар назди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳозир шаванд.
Ёдовар мешавем, ки 26 июл дар шаҳри Парижи Фаронса Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ-2024 расман оғоз гардиданд, ки то 11 август идома меёбанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқот 14 варзишгар аз рӯйи 6 намуди варзиш, аз ҷумла ҷудо, бокс, таэквондо, гӯштини тарзи озод, шиноварӣ ва варзиши сабук муаррифӣ доранд. Дар бозиҳо аз рӯйи 32 намуди варзиш 10 500 варзишгар аз 206 давлати ҷаҳон иштирок мекунанд. Варзишгарон барои 329 маҷмуи медалҳо бо ҳам мубориза мебаранд.
Ҳоло дастаи олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 се медали биринҷӣ дорад. Ду медалро дар риштаи ҷудо Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг ва Темур Раҳимов дар вазни + 100 кг ба даст оварда, медали сеюмро муштзани тоҷик Давлат Болтаев дар вазни то 92 кг соҳиб гардид.
Бояд ёдовар шуд, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону ташаббускорони ватанӣ ғолиби ҷойи аввалро бо 20 000 доллари ИМА, ғолиби зинаи дуюмро бо 15 000 доллари ИМА ва ғолиби мақоми сеюмро бо 10 000 доллари ИМА ҳавасманд менамояд.
Ин иқдом ба боз ҳам баланд бардоштани руҳияи варзишгарони мамлакат мусоидат карда, барои расидан ба ҳадафу мақсадҳои гузошта замина мегузорад.
Ҳамзамон ёдовар мешавем, ки ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж -2024 бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла барои ҷойи якум 300 000 сомонӣ, барои мақоми дуюм 250 000 сомонӣ ва барои зинаи сеюм 200 000 сомонӣ ҳавасманд гардонда мешаванд.
Илова бар ин нафароне, ки ҷойҳои ифтихориро сазовор мегарданд, аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо хонаҳои истиқоматии 3, 2 ва 1-ҳуҷрагӣ қадршиносӣ мегарданд.