Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи Мавлоно таҷлил мегардад

Пагоҳ, 29 сентябр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев ба истиқболи Рӯзи Мавлоно барномаи  фарҳангӣ баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин рӯз дар саҳни Филармония аз соати 13.00 то 17:00 намоиш-фурӯши «Маснавии маънавӣ» ва китобҳои тозанашри нашриёти «Адиб» баргузор гардида,  соати 12:00 дар толори конфронсии Филармония рӯнамоии китоби тозанашри шоир ва муҳаққиқ Беҳрӯзи Забеҳулло таҳти унвони «Офтобе дар миёни сояе», ки тадқиқоти мавзӯии осори Мавлоноро дар бар мегирад, доир мегардад.

Инчунин соати 17.00 дар толори Филармония маҳфили шеъру суруд бо иштироки аҳли адаб, ҳунармандони театр ва овозхонони тоҷик шурӯъ мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки ҳамасола 30 сентябр дар мамлакат Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо баргузории симпозиум, конфронс, ҳамоиш ва маҳфилҳои илмию адабӣ ҷашн гирифта мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE