Қазоқистон мехоҳад ба Душанбе хатсайри нави ҳавоӣ боз кунад

Қазоқистон мехоҳад аз Чимкент ба Душанбе хатсайри нави ҳавоӣ боз кунад, хабар медиҳад Kapital.kz бо истинод ба Вазорати индустрия ва рушди зерсохтор.

Гуфта мешавад, ифтитоҳи хатсайри нав дар мавсими баҳору тобистони соли оянда ба нақша гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар бораи аз ҷониби кадом ширкати Қазоқистон анҷом додани парвозҳо тариқи хатсайр хабар дода намешавад.

Тавре ки ба аз Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон хабар доданд, онҳо дар бораи ин иқдоми Қазоқистон огаҳӣ доранд, лекин то ҳол дар бораи ифтитоҳи хатсайр аз Чимкент дархости расмӣ нагирифтаанд.

Дар Агентӣ аз эҳтимол дур намедонанд, ки баъди муайян шудани ширкати ҳавопаймоӣ ва ҳалли дигар масоили омодагӣ дархост ба онҳо хоҳад расид.

Қобили зикр аст, ки айни замон ду ширкати ҳавопаймоӣ – “Сомон Эйр” ва Air Astana байни кишварҳо парвозҳо анҷом медиҳанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE