Тоҷикистон ва Кувайт табодули сафарҳои ҳайатҳои фарҳангӣ ва доираҳои илмиро баррасӣ намуданд
Мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо иҷрокунандаи вазифаи дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, адабиёт ва санъати Давлати Кувайт Муҳаммад бин Ризо 4 январ доир гардид. Дар ин бора дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи илму фарҳанг, табодули сафарҳои ҳайатҳои фарҳангӣ ва доираҳои илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Хатсайри нави ҳавоӣ бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Давлати Кувайт ба роҳ монда шуд.
Бояд гуфт, ки ифтитоҳи парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистон ва Давлати Кувайт рӯйдоди муҳим буда, ба ҷалби бештари сайёҳони ин минтақа ба кишвари мо хизмат хоҳад кард.
Акс: ВКХ ҶТ