Боздиди намояндагони Прокуратураи генералии Арабистони Саудӣ аз Осорхонаи миллӣ

Як гурӯҳи намояндагони Прокуратураи генералии Арабистони Саудӣ дар доираи сафари кории хеш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи миллӣ дидан намуданд. Дар ин бора аз осорхонаи мазкур хабар доданд.

Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо ва дигар шахсони масъул меҳмононро пешвоз гирифта, аз ҷониби корманди илмии муассиса бо онҳо сайри осорхонавӣ баргузор карда шуд.

Меҳмонон ба воситаи сайри осорхонавӣ дар мисоли бозёфтҳои ёдгориҳои машҳури Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давраҳои пурифтихори миллати тоҷик аз наздик ошно гардиданд. Яъне, бо роҳи тамошои мероси ниёгони тоҷикон, ки дар Осорхонаи миллӣ инъикос гардидаанд, меҳмонон аз дирӯзу имрӯзи ин сарзамини таърихи куҳандошта огаҳӣ пайдо намуданд.

Баъд аз анҷоми сайри осорхонавӣ меҳмонон аз боздиди толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ изҳори хушнудӣ намуда, дар китоби “Меҳмонони фахрӣ” андешаҳои худро сабт намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE