Имрӯз дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Ветнам рақобат мекунанд

Имрӯз, соати 18:00, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе   бозии  даври ниҳоӣ ва ҳалкунандаи   Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни дастаҳои  мунтахаби занонаи Тоҷикистон  бо  Ветнам  баргузор  мегардад, хабар медиҳад  Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Чанд рӯз пеш дастаи   мунтахаби занонаи Тоҷикистон оид ба футбол  дар даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи «В» бар дастаи мунтахаби занонаи  Малдив бо ҳисоби калони  4:0 ғалаба карда буд. Дар ин  сабқати ҷолиб  голҳои дастаи   мунтахаби занонаи Тоҷикистонро Лайло Ҳалимова, Некубахт Худододова ва Наталя Сотникова ба нишон расонида, пирӯзии дастаи   мунтахаби занонаи Тоҷикистонро таъмин сохтанд. Дар даври ниҳоӣ ва ҳалкунандаи мусобиқа дастаи  мунтахаби занонаи Тоҷикистон имрӯз,  29  сентябр, бо  дастаи  мунтахаби занонаи   Ветнам бозӣ хоҳад кард. Барои ба қисми ниҳоии чемпионати Осиё роҳ ёфтан дастаи  мунтахаби занонаи Тоҷикистонро танҳо дар ин вохӯрӣ пирӯзӣ қаноатманд хоҳад кард.

Даври 3-юм

29 сентябр (чоршанбе)

Оғози бозӣ соати 18:00

Ветнам – Тоҷикистон

Хотиррасон  мешавем, ки  ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе   соати 18:00 оғоз мешаванд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE