Пешвои миллат: Соли 2023 чор корхонаи коркарди металҳои қиматбаҳо то маҳсулоти ниҳоӣ сохта шавад

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки дар Душанбе соли 2023 чор корхонаи коркарди металҳои қиматбаҳо то маҳсулоти ниҳоӣ сохта шавад.
Роҳбари давлат зимни он иброз доштанд, ки бояд 3 тонна тилло дар ин корхонаҳо то маҳсулоти тайёр коркард шуда барои бозори дохилӣ ва содирот пешниҳод шавад.
Ҳамчунин Пешвои миллат таъкид намуданд, ки корхонаҳои равғанбарории шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Конибодом бо иқтидори пешина барқарор карда шавад.
Тавре дар Паёми павбатии П резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид, айни замон танҳо 20% эҳтиёҷоти мардуми Тоҷикистон ба равғани растанӣ аз ҳисоби тавлидоти дохилӣ таъмин мешавад. Дар сурати барқарории пурраи ин корхонаҳои равғанбарорӣ то 70 дарсади ниёзи мардуми кишвар бо равған аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ таъмин мешавад.
Ҳоло дар Кохи Сомон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҶТ ироа гардида истодааст. Зимни ироаи Паёми навбатӣ самтҳои дигари ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE