Пешвои миллат: Ҳаҷми ММД аз 71 млрд сомонӣ дар соли 2018 то 115 млрд сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд

Дар панҷ соли охир рушди миёнаи иқтисод 7.3 % таъмин шуда, ҳаҷми ММД аз 71 млрд сомонӣ дар соли 2018 то 115 млрд сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, ки 1,5 баробар зиёд шудааст.

Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳоло Кохи Сомон ҷараён дорад, иброз намуданд. Роҳбари давлат ҳамчунин таъкид доштанд, ки “Даромадҳои пулии аҳолии кишвар дар панҷ соли охир аз 41, 1 млрд сомонӣ то 78 млрд сомонӣ ё 2,1 баробар зиёд шуд. Инчунин сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 27, 4% дар соли 2018 то 22,5 % дар соли 2022 коҳиш ёфт”.

Ҳамин лаҳзаҳо дар Кохи Сомон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҶТ ироа гардида истодааст. Зимни ироаи Паёми навбатӣ самтҳои дигари ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE