Ҳамкории ташкилоти иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва Беларус таҳкими бештар меёбад

Дар Душанбе оид ба густариш ва тавсеаи бештари ҳамкорӣ дар фаъолияти ташкилоти иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва Беларус, таҳкими ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва зеҳнии аъзои иттифоқҳои касаба, кормандон ва аъзои оилаи онҳо ибрози назар карда шуд. Дар ин бора аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар доданд.

Раиси ФИКМТ Маликшо Неъматзода бо раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Беларус Татяна Филимонова, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуд.

Маликшо Неъматзода роҷеъ ба фаъолияти кунунии ташкилоти иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва вазифаҳои минбаъдаи ин ниҳод дар оянда сухан гуфт.

Тарафҳо ҳавасмандии хешро оид ба густариш ва таҳкими бештари ҳамкорӣ иброз намуданд.

Дар мулоқот намояндаи Сафорати Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок кард.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE