Озмуни вилоятии «Ровии беҳтарин» ба номи Абдурашид Хуҷамқулов, ровии Радиои Тоҷикистон, ҷамъбаст шуд
Дар шаҳри Бохтар Озмуни вилоятии “Ровии беҳтарин”, ки бо мақсади дарёфти ҷоизаи ба номи Абдурашид Хоҷамқулов эълон гардида буд, дар маросими тантанавӣ ҷамъбаст гардид.
Дар Литсейи давлатии рақами 1-и маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар Озмуни вилоятии «Ровии беҳтарин» барои дарёфти ҷоизаи ба номи Абдурашид Хоҷамқулов ҷамъбаст гашт. Лозим ба зикр аст, ки озмуни мазкур дар ҳошияи озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман”, “Илм фурӯғи маърифат” бо ташаббуси Раёсати маорифи вилояти Хатлон роҳандозӣ гардида, ҳадаф дарёфти чеҳраҳои нодир ва рушди ин саъати воло дар байни наврасону ҷавонон мебошад.
Дар маросими ҷамъбастии озмун собиқадори соҳаи журналистика, ровии шинохта Абдурашид Хоҷамқулов, директори радиои “Тоҷикистон” Обидҷон Саидзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода, собиқадори соҳаи маориф Хоналӣ Қурбонзода, журналистони шинохта Лолахон Сатторӣ, Ҷонибеки Асрориён, Алихон Зарифӣ, Саидмуроди Хоҷазод дар ин ҳамоиш ташриф оварда, дар ҳузури ғолибони озмун, устодон ва волидайни эшон ва дигар иштирокдорони чорабинӣ атрофи мактаби ин шахсияти асил – устод Абдурашид Хоҷамқулов, аҳамияти ин озмун ва ҳунару маҳорати ғолибон сухан гуфтанд.
Абдурашид Хоҷамқулов аз зумраи шахсиятҳои шинохтаест, ки зиндагияш саропо ибратомӯз аст ва дар ҷодаи журналистикаи радио ва телевизиони кишвар нақши бағоят муассир дорад. Номбурда умри пурбаракати худро сарфи ин соҳа намуда, шогирдони зиёде аз мактаби ӯ баҳравар гагашта, имрӯз барои халқу Ватан хизмати созгор доранд.
Абдурашид Хуҷамқулов(Ализода) ровии саршиноси кишвар фаъолияти беш аз 40-солаи наттоқӣ дар Радиои Тоҷикистон дошта, бо овози ӯ дар «Хазинаи тилоии Радиои Тоҷикистон» ганҷинаҳои фаровоне маҳфуз аст.
Абдурашид Хоҷамқулов ва директори радиои “Тоҷикистон” Обидҷон Саидзода, ҳамчунин, Лолахон Сатторӣ, Ҷонибеки Асрориён, Саидмурод Хоҷазод дар баромадашон ин ташаббуси Раёсати маорифро аҳамиятнок ва саривақтӣ арзёбӣ намуда, қадршиносие ба заҳматҳои аҳли қалам ва омили бедорие дар завқи ровигии насли наврас донистанд ва дар оянда низ роҳандозӣ намудани ин гуна ташаббусҳоро аҳамиятнок арзёбӣ карданд.
Чуноне Идибек Шарифов, мудири шуъбаи созмони хонандагони муассисаи таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилояти Хатлон гуфт озмун дар моҳи декабри соли сипаришуда баргузор гашт ва тибқи хулосаи ҳайати ҳакамон як нафар соҳиби ҷоизаи ба номи Абдурашид Хоҷамқулов, ду нафар соҳиби ҷойи якум ва ду нафар соҳиби ҷойи ду ва ду нафари дигар соҳиби ҷойи сеюм, чандеи дигар бо ифтихорнома, яъне дар умум 15 нафар қадрдонӣ гардиданд.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ маросими ҷоизасупорӣ доир гардид ва беҳтарин ровиёни наврас муайян шуда, бо Ҷоиза ва мукофотҳо қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамоиши мазкур дарвоқеъ саршор аз шеъру сурудҳои Ватандорӣ, ифтихор аз соҳибдавлатию ваҳдати комил буд, ки то абад дар хотири ҳар иштирокчии ин чорабинӣ нақш хоҳад дошт.