Дар шоҳроҳи Душанбе-Бохтар ҳашари экологии «Тозагии шоҳроҳ» доир гардид

 21 октябр дар шоҳроҳи Душанбе-Бохтар ҳашари экологии «Тозагии шоҳроҳ» доир гардид, ки дар он кормандони соҳаи коммуналӣ ва сокинони маҳаллаи Чимтеппа дар масофаи 300 метр шоҳроҳро аз партовҳои пластикӣ тоза намуданд.

Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе  гуфтанд, ки аз ҳудуди шаҳри Душанбе ба самти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шоҳроҳҳои Душанбе-Бохтар, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Турсунзода, Душанбе-Ваҳдат тӯл кашидаанд, ки бо мақсади таъмини тозагию озодагии шоҳроҳҳо пайваста ҳашарҳои экологӣ гузаронида мешаванд.

Дар нуҳ моҳи сипаришуда дар шаҳри Душанбе 28 маротиба ҳашари «Тозагии шоҳроҳ» доир гардида, зимни он ки дар ҳаҷми 244, 1 м3 партов ҷамъоварӣ ва бароварда шудааст.

Ҳадаф аз баргузории чунин ҳашарҳо, пеш аз ҳама, тоза намудани муҳити зист, бахусус атрофи шоҳроҳҳо ва ба ин васила баланд бардоштани маърифати экологӣ ва риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ мебошад.

То анҷоми соли равон чунин ҳашарҳо дар ноҳияҳои пойтахт доир мегарданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE