Дар Душанбе ҳамоиши афсарзанону ҷавондухтарони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон доир карда шуд

«Роҳи тайкардаи Артиши миллӣ дар замони соҳибистиқлолии мамлакат»— таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши афсарзанони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии мамлакат баргузор карда шуд, иттилоъ доданд дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни ҳамоиш ба 220 нафар фаъолзанони соҳа  туҳфаҳои хотиравӣ ва сипоснома тақдим карда шуданд.

Ҳамоиш бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Зимни он аз хизмати содиқонаву софдилонаи хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла занону бонувон изҳори сипос карда, ба онҳо дар уҳдадориву масъулияти минбаъдаашон барору комёбӣ таманно намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE