Оид ба Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 14-15 сентябри соли 2023 зери раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Ҳамзамон дар ин рӯзҳо дар пойтахти Тоҷикистон баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба нақша гирифта шудааст.
Дар кори саммитҳо иштироки Президентони Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар назар аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи корҳои марбут ба омодагӣ ҷиҳати баргузории вохӯриҳои сарони давлатҳои минтақаро оғоз кардааст. Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ба чорабиниҳои сатҳи олӣ зери роҳбарии Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода таъсис дода шуд, ки ба он роҳбарони вазорату идораҳо шомиланд. Ҳамчунин дар Вазорати корҳои хориҷӣ Котиботи саммитҳо фаъолият мекунад.
Аз натиҷаи Вохӯрии панҷуми машваратӣ қабули якчанд санадҳои муҳим дар назар аст, ки асоситарини он Изҳороти муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ хоҳад буд.
Дар доираи саммитҳои мазкур ҷониби Тоҷикистон, инчунин ташкили якчанд чорабиниҳоро бо иштироки кишварҳои Осиёи Марказӣ ба нақша гирифтааст, ки онҳо ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои давлатҳои минтақа дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ нигаронида шудаанд. Ҳамин тариқ, дар шаҳри Душанбе Форуми иқтисодӣ, Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти миллӣ, Вохӯрии аъзои Муколамаи занони пешвои Осиёи Марказӣ, Намоишгоҳи рассомон, Нахустин форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, Вохӯрии вазирони нақлиёт ва Консерти тантанавии устодони фарҳанг ва санъати кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор хоҳанд шуд.
Пойдории муколамаи боэътимод ва рушди минбаъдаи муносибатҳо миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳамаи самтҳо, яке аз авлавиятҳо дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Вохӯриҳои сатҳи олӣ дар Душанбе ба таҳкими раванди рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва пойдории баъдии амнияту субот дар минтақа мусоидат мекунанд.