Таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ЮНЕСКО

14 марти соли 2023 бо ибтикори намояндагиҳои доимии Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Ироқ, Ҳиндустон, Покистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар ш.Париж ба муносибати Рӯзи байналмилалии Наврӯз чорабинии бошукӯҳи идона доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар чорабинии мазкур сафирон, намояндагони Котибот ва сохторҳои мухталифи ЮНЕСКО, вазорату идораҳои Фаронса, дигар ташкилотҳои байналмилалии муқими кишвар, доираҳои илмӣ-фарҳангӣ, инчунин тоҷикони муқими Фаронса ва дӯстони Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Намояндагии доимии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО мизи миллиро бо таомҳои тоҷикӣ ороста, бо мақсади муаррифии бештари кишвар маводу аксҳои таблиғотиро оид ба Тоҷикистон ба маъраз гузошт.

Барои меҳмонон барномаи фарҳангӣ бо таронаву рақсҳои миллӣ пешкаш гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE