Тӯфони шадид дар Миссисипии 17 ҳазор нафарро аз нерӯи барқ маҳрум кард

25 марти соли ҷорӣ дар  штати Миссисипии ИМА  тӯфони шадид ба вуқӯъ пайваст. Бино ба иттилои расонаҳо бар асари тӯфони шадид бомҳои хонаҳо канда, баъзе маҳаллаҳоро вайрону валангор намуда ва қариб 17 ҳазор нафарро аз нерӯи барқ маҳрум кардааст. Дасти кам дар ин воқеаи мудҳиш 26 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин хусус радиои «Садои Душанбе» бо такя ба шабакаи телевизионии CNN иттилоъ медиҳад.

Диаметри тундбод 1 км буда, бо суръати тақрибан 80 км/соат ҳаракат кардааст.

Губернатори Миссисипи Тейт Ривз дар ҳама шаҳристонҳое, ки аз тӯфони шадид осеб дидаанд, вазъияти фавқулода эълон кардааст.

                                                                               Султонализода Ё

    Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE