Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаи фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз мегардад

Аз 11 то 21 апрел дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаи фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал гузаронида мешавад. Ин ярмаркаҳо  дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт, инчунин  пешгирии болоравии нархи маводи озуқа доир карда мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сармутахассиси Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдусалом Нозимов хабар дод.

«Ярмаркаи фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар КВД «Бозори Меҳргон»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, буриши кӯчаҳои Ҳусейнзода ва Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансур (назди Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), дар майдончаи назди бозори «Қарияи боло»-и ноҳияи Сино ва дар майдончаи назди КВД «Бозори Саховат»-и ноҳияи Фирдавсӣ ташкил карда мешавад», -гуфт Абдусалом Нозимов.

Ба иттилои манбаъ, дар ярмаркаҳои мазкур нархи картошка аз 4 то 4,5 сомонӣ, пиёз 5,5 сомонӣ, сабзӣ 4 сомонӣ, як литр равғани растанӣ 18 сомонӣ, шакар 9 сомонӣ, гӯшти гов 55 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд 68 сомонӣ, биринҷ 10 сомонӣ, орди навъи 1-ум 260 сомонӣ муайян гардидааст. Дар ин ярмаркаҳо меваҷот ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ низ бо нархҳои дастрас пешкаши харидорони шаҳр гардонида мешаванд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE