Ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид
Дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Таҳкими арзишҳои конститутсионӣ ва таъмини волоияти Конститутсия – заминаи рушди босуботи давлат» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни ҳамоиш иброз гардид, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рӯйдодҳои тақдирсоз дар таърихи давлатдории навини тоҷикон буда, заминаи устувори рушди давлати ҳуқуқбунёд ва демократиро фароҳам овард.
«Татбиқи муваффақонаи меъёрҳои Конститутсия ба пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва болоравии эътибори байналмилалии Тоҷикистон мусоидат намуд. Суди конститутсионӣ ҳамчун ниҳоди мустақили ҳокимияти судӣ дар таъмини волоияти Конститутсия ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон нақши муҳим дорад», — баён карда шуд дар конференсия.
Таъкид гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун бахтномаи миллат ва шиносномаи давлат ба рушди устувори ҷомеа, таъмини амният ва ҳаёти орому ободи мамлакат замина гузоштааст.
Дар идома иштирокчиён дар мавзуъҳои марбут ба нақши Конститутсия дар таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини волоияти қонун, рушди мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон маърузаҳои илмӣ намуданд.

