Дар ноҳияи Қубодиён ба ҷамъоварии зардолу шурӯъ карданд

Боғдорони ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ба ҷамъоварии зардолу оғоз намуда, як килограмм онро бо нархи яклухт 3-5 сомонӣ аз сари замин ба фурўш гузоштаанд, хабар медиҳад Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Тавре директори КВД «Ниҳолпарвар»-и ноҳияи Қубодиён Бахтиёр Ислом иброз дошт, соҳибкорон то имрӯз аллакай наздик ба 30 тонна ҳосили ин навъи меваро ба хориҷи мамлакат – Русия, Қазоқистон ва Беларус интиқол додаанд.

«Дар ин шабу рӯз ҳосили ҷамъоварда баъд аз банду баст ба мошинҳои калони боркаш, ки яке пайи дигаре дар навбат истодаанд, ҷой карда мешавад», — илова кард ў.

Мавсуф тазаккур дод, ки дар 37 гектар боғи зардолуи корхона, 4 навъи ин мевагӣ парвариш карда мешавад, ки асосан барои содирот нигаронида шуда, ҳамасола охири моҳи апрел пухта мерасад.

— Имсол, ки ҳаво нисбатан сард омад, ҷамъоварии зардолу каме ба таъхир афтод. Мо аз 45 тонна нақшаи пешбинишуда аллакай 20 тоннаи онро ҷамъоварӣ кардем ва ҳафтаи оянда содироти олуро низ оғоз менамоем, — иттилоъ дод директори КВД «Ниҳолпарвар» — и ноҳияи Қубодиён.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE