Дар 60 гектар замини Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ чигит кишт карда мешавад

Аҳли заҳмати Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ имсол нақша доранд, ки дар майдони зиёда аз 60 гектар кишти чигит гузаронанд. Ҳоло дар заминҳои ин муассисаи давлатӣ кишти пунбадона идома дошта, кишоварзон аз навъҳои тухмии «Дӯстӣ» ва «Иншан -2» истифода мебаранд, хабар медиҳад  дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ.

Майдони умумии заминҳои корами Коллеҷи кишоварзӣ 89,14 гектар буда, дар қисме аз онҳо боғ бунёд гардида, дар 5 гектар ғалладона, 2 гектар картошкаи барвақтӣ, дар 1 гектар пиёз ва дар 9 гектар дигар намуди зироат кишт карда шудааст.

2 апрел зимни шиносоӣ бо заминҳои коллеҷ роҳбарияти ноҳияи Мастчоҳ ба масъулини муассиса оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои кишт, 2-3 ҳосил рӯёнидан ва инчунин баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо тавсияҳои судманд дод.

Дар ноҳияи Мастчоҳ кишти чигит идома дошта, соли равон тибқи дурнамо дар майдони 12 350 гектар пунбадона кишт карда мешавад.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE